(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 24-уми апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил баргузор мегардад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тавсиб расид.

Тибқи қарор шуъбаву сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ муваззаф гардидаанд, ки дар сатҳи баланд баргузор шудани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил мусоидат намоянд.

Дар доираи Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла шиносоӣ бо вазъи зиндагии иштирокчиёни ин садама, ташкили силсилаи вохӯриҳо бо эшон ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки 26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисаи мудҳише ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он дар якчанд давлатҳои ҷаҳон ифлосшавии радиатсионӣ мушоҳидашуда, аксари аҳолии ҳамшафат зарар диданд. Ҷиҳати бартараф намудани ин ҳодисаи мудҳиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, аз шаҳри Хуҷанд низ 120 нафар ҷавонмардон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои анҷом додани ин амали башардӯстона ширкат варзиданд. Онҳо собит намуданд, ки барояшон амнияти аҳли башар, ободии Ватан ва дӯстии халқҳо арзиши бебаҳоаст. Бар асари оқибатҳои ин садама даҳҳо нафари онҳо ба бемории радиатсионӣ гирифтор шуда, баъзеашон бармаҳал аз ҳаёт рафтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд