(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ ва фаҳмонидани хатарҳои бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла каронавирус аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати шаҳр ва ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои гуногун пиёда гардида истодаанд.

Аксия зери унвони “Хона ба хона” баргузор шуда, ташаббускорони ин аксия бевосита бо сокинон дар маҳалла ва ҳавлиҳои шаҳрвандон вохӯриҳо анҷом дода, дар баробари паҳни варақаҳо, ҳамчунин онҳоро ҳушдор доданд, ки ба қоидаҳои санитарӣ гигиенӣ риоя карда, бештар аз издиҳом дурӣ ҷӯянд. Ва ҳатман зимни баромадан ба кӯчаҳо аз ниқобҳои ҳимояткунанда истифода баранд. Қайд шуд, ки роҳандозии ин гуна чорабиниҳо ба хотири эмин мондан аз ин бемории сироятист, ки худ шаҳрванд намедонад, ки бо кадом роҳ ба он гирифтор мешаванд.

Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд.

Зеро то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Овоза ва хабару гузоришҳои паҳнгардида, ки гӯё дар вилоят гирифторони ин сироят ошкор гардидаанд, асоси воқеӣ надоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд