(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва озмуни вилоятии гулҳо «Сайри гули лола» баргузор ва натиҷагирӣ карда шуд.

Нахуст Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни даромадгоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо дастоварди ҳунармадони шаҳру навоҳи вилоят ошноӣ пайо намуд. Ҳунармандони вилоят маҳсули дастии худро бо анвои гуногун ба маърази тамошо гузошта буданд, ки бо услуби хос ва харидории он офарида шуда буданд.

Раиси вилоят ба масъулини дахлдор ва ҳунармандон дастур ва тавсия дод, ки бо назардошти идҳои таърихии миллати тоҷик ва талаботи бозори дохилию хориҷӣ ҳунармандон маҳсулот истеҳсол намоянд.

Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, паст кардани арзиши аслии маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо тамоми кӯшишу захираҳо истифода гардида истодаанд. Зикр шуд, ки ҳадафи ташкили фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун давлати мусоид барои сайёҳон, муаррифии захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки вобаста ба озмуни вилоятии гулҳо «Сайри гули лола» тамоми шаҳру навоҳии вилоят фаъолона ширкат варзида, ба ин васила анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба зебоӣ, ободонӣ эҳё ва муҳити атроф хуррам, муҳаббати сокинони маҳал ба гулпарварӣ бедор гардида, мероси табиӣ ҳифз ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар мегарданд.

Танҳо дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 300 ҳазор гули лола шинонида шуда, 34 намуди ин гулҳои тароватбахш, ба оилаи гулҳои ҳоландӣ ба монанди силер, долер, палада, калгари, фабио, палушел, пичполсон ва ғайраҳо шомил буда, зиннатбахши ин макони дилписанд шудаанд. Ба хотири шукуфоии бештари манзараҳои боғи навбунёд дар ҳамин макон 10 намуд гулҳои маҳаллӣ бо фарогирии 270 ҳазор дона, аз ҷумла петуния, марҷонгул, бахмалин, вербина ва ғайраҳо ҳусни Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро афзун намудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни амфиатеатри Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва озмуни вилоятии гулҳо «Сайри гули лола» натиҷагирӣ намуда, аз ҷумл таъкид дошт, ки сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои бои сайёҳию фарҳангӣ буда, тоҷикон аз азал мардумони ҳунарманду фарҳангпарваранд. Хусусан маҳсули ҳунари асили бонувони чирадасти тоҷик қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Имрӯз дар вилояти Суғд 311 адад марказҳои таълимии ҳунармнадӣ фаъоланд, ки садҳо нафар занонро бо шуғли доимӣ таъмин намудаанд.

Зикр гардид, ки Фестивали «Сайри гули лола» имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола як рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Дар маросими «Сайри гули лола» аз таҷассуми даҳҳо ҳунари мардумӣ, пешниҳоди рангоранги либоси миллӣ, анвои хӯрокҳои нодири халқӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, намоиши ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модари тоҷик пешниҳоди мардум мегардад, ки ҳар бинандаро мафтун намудаву ба ваҷд меоранд ва ин раванд дар тарбияи завқу рағбати насли наврас таъсиргузор хоҳад буд.

Сипас, ба ғолибони фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва озмуни вилоятии гулҳо «Сайри гули лола» ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Дар доираи даври вилоятии фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва озмуни вилоятии гулҳо «Сайри гули лола» барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд