(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади пешгирӣ ва пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ вобаста ба бемории нави сироятии коронавирус дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки мутахасисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ машварат баргузор гардид.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева нишастро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳадаф пеш аз ҳама дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо машварати мутахасисони соҳа дар байни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ мебошад.

Сипас, Тахмина Усмонова, мудири шуъбаи санитарию эпидемологии Маркази назорати давлатии сантарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз дар мамлакат сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, муассисаҳои тандурустии шаҳр дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ва аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват ба амал оварда мешаванд, ки бо қоидаҳои беҳдошти саломатӣ риоя намоянд. Ҳамагон бо ҳисси масъулиятшиносӣ тадбирҳои андешидаи кормандони соҳаи тандурустиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус комилан риоя намуда, ба ҳар гуна овозаҳои бепоя дода нашаванд.

Таъкид гардид, ки ҳоло тамоми ҷаҳон бо COVID-19 мубориза мебарад, дар ҷаҳон қариб кишваре нест, ки дар он ин намуди беморӣ вуҷуд надошта бошад. Аз миёни 53 кишвари минтақа Тоҷикистон ва Туркманистон ду кишваре ҳастанд, ки дар онҳо ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Мо бояд тибқи дастури шаҳрдорӣ дар самти таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамчунин дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр новобаста аз шакли моликият корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ (дезинфексия) ба роҳ монем.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва машварати судманд анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд