(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ конфронси илмӣ бахшида ба 63-солагии фаъолияти кории омӯзгори кафедраи стоматология, табиби номӣ, инсони шариф, аввалин стоматолог дар вилояти Суғд ва мушовири Дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд Эшонхӯҷа Маҳмудов баргузор гардид.

Дар конфронс муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Аҳмадҷон Ғозиев, раиси Иттифоқи касабаи Дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд Хуршеда Қайюмова, устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Бахтовар Почоев, муовини сарвар оид ба корҳои тарбияи коллеҷ баромад намуда, меҳрномаи роҳбарияти коллеҷро оид ба 80 солагии Эшонхӯҷа Маҳмудов ба самъи ҳозирин расонд.

Таъкид гардид, ки бо азму иродаи қавӣ ва масъулияти тиббӣ Эшонхӯҷа Маҳмудов баъди хатми Донишгоҳи тиббии шаҳри Боку ба фаъолияти касбӣ шурӯъ намуд ва чун ҷавони ташаббускор миёни ҳамкорон муаррифӣ гардид. Фурсате нагузашта, соли 1996 табиб Эшонхӯҷа Маҳмудовро сардухтури Дармонгоҳи стоматологии вилоятӣ таъин карданд. Тӯли беш аз 15 сол Эшонхӯҷа Маҳмудов сартабиби Дармонгоҳи стоматологии вилоят ва дар як маврид сарстоматологи Идораи тандурустии вилоят буд. Дар ин солҳо рӯзе то 20 – 30 беморро қабул мекард, даҳҳо шогирдро тарбия намуда, барои хизмат ба аҳолӣ омода кард. Дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд аз соли 1987 то соли 1990 ҳамчун омӯзгор фаъолият бурда, аз соли 1990 то соли 1994 ҷонишини директор оид ба корҳои таҷрибаомӯзӣ ва аз соли 1994 то 1996 директори Омӯзишгоҳи тиббии ш.Хуҷанд фаъолият бурд.Маҳорати ташкилотчигии ӯро устодони омӯзишгоҳ ҳар лаҳза эҳсос мекарданд.

Саҳми ӯ дар ташкил кардани утоқҳои кории муаллимони омӯзишгоҳ дар назди беморхонаҳо, гузаронидани озмунҳо дар рӯзҳои ид хеле калон аст. Эшонхӯҷа Маҳмудов дар корҳои ҷамъиятии сатҳи вилоят ва шаҳр фаъолона ширкат менамуд.

Дар ҷараёни конфронс ҳамкорон, дӯстон наздикон ва шогирдону пайвандони Эшонхӯҷа Маҳмудов баромад намуда, дар бораи фаъолияти ибратбахши ин ин табиби ҳозиқ андеша ва хотироти хешро баён доштанд.

Дар анҷоми конфронс Эшонхӯҷа Маҳмудов аз таваҷҷуҳи доимӣ ва қадршиносии собиқадорон ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд