(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба 35 нафар собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатӣ кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Асрор Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, нахуст ҳамагонро бо Иди Наврӯзи байналмилал табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли зиндагии ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун ҷашни муждаи рӯзи нав симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад. Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Дар анҷоми табрикоти худ Асрор Шарифзода изҳори умедворӣ намуд, ки ашхоси обрӯманд ва собиқадори шаҳри бостонии Хуҷанд бо ҷалби сокинони бонангу номуси шаҳр бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар оянда низ ба хотири таҳкими иқтидори иқтисодии давлатамон, ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, рӯзгори боз ҳам осудаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош хоҳанд кард.

Сипас, ба 35 нафар собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатии шаҳри Хуҷанд кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба андозаи 500 сомонӣ тақдим карда шуд.

Арбоби намоёни давлатӣ Биҳоҷал Раҳимова аз ин қадршиносии Давлату Ҳукумат ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд