(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар чойхонаи Қӯшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сокинони ин маҳаллаи куҳан Наврӯзи байналмилалро ҷашн гирифтаанд.

Меҳмонон аз растаи ҳунармандон, ки дар хаймаҳо ороста гардида буданд, боздид намуда, аз таърихи бою рангини ин маҳаллаи қадимаи шаҳр Хуҷанд иттилоъ пайдо карданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни номаи табрикотии худ аз ҷумла афзуд, ки аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош варзидаанд. Русуму ойинҳои зиндагисози ин ҷашн дар заминаи тамаддуни қадимаи моддиву маънавии мардуми мо инкишоф ёфта, бо мурури замон ба одобу суннатҳои мардумиву фарҳангии халқу миллатҳои гуногуни сайёра роҳ ёфта, аҳли башарро ба сӯи арзишҳои олӣ, камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ ҳидоят намудааст. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросимҳои густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд. Воқеан, мо иҷрои суннатҳои наврӯзиро ҳамчун ёдоварӣ аз фарҳанги пурғановати худ ва расму ойини зебои аҷдодиамон, ки рӯҳи поку созанда дорад, бо самимият ҷашн мегирем.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода низ дар табрикоти худ аз шукуҳу шаҳомат ва анъанаҳои Наврӯз ёдоварӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки расми хубе, ки тоҷикон дар ҷашнгирии Наврӯз анҷом медиҳанд, суннати густурдани суфра ё дастурхони идона аз боигарии табиати диёр мебошад, ки ифодагари саховатмандии табиат буда, ишора бар он аст, ки инсон низ мисли табиат бояд саховатпеша бошад.

Таъкид гардид, ки Наврўз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ ва аз нигоҳи илмӣ дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рўз, яъне эътидоли баҳорӣ аст, ки онро ҳанўз Умари Хайём ҳазор сол пеш аз ин дар тақвими солшумории хуршедии худ исбот карда буд. Наврўз оини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи беш аз чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст».

Сипас барномаи фарҳангии фарогирии урфу анъанаҳои миллии наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд