(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хоса аз Наврӯзи байналмилал истиқбол гирифта шуд. Муҳассилини ин боргоҳи маърифат бо роҳандозӣ намудани урфу анъана ва густурдани хони наврӯзӣ таъриху фарҳанги бойи ин иди аҷдодиро муаррифӣ намуданд.

Директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Илҳом Комилӣ зимни номаи табрикотии худ аз ҷумла афзуд, ки Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.

Таъкид гардид, ки Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд.

Сипас, як қатор озмунҳо, аз ҷумла: «Омӯзгори беҳтарин», «Роҳбари гуруҳи беҳтарин», «Донишҷӯйи беҳтарин», «Синфхонаи беҳтарин» натиҷагирӣ ва ғолибон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангии донишҷуён ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид. Зикр гардид, ки Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст. Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми мост, ки Наврӯз ҳамчун иди баҳор, эҳёи табиат ва фарорасии соли нав ба таърихи бисёр халқу миллатҳои ҷаҳон ворид гашта, ҳаёти онҳоро рангу таровати тоза бахшидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд