(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРузҳои шанбе ва якшанбеи ҳафтаи сипаришуда сокинону фаъолони маҳаллаҳо, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони идораву ташкилотҳои шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Наврӯзи байналмилал дар маъракаи густурдаи ҳашари дастҷамъонаи умумишаҳрӣ иштирок намуда, ҷиҳати боз ҳам зебову хуррам гардидани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд.

Ҳашарчиён дохили маҳаллаҳоро аз ҳамагуна партов тоза намуданд. Аз ҷониби гулпарварон гулҳои баҳорӣ дар қадди роҳҳо шинонида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари идораву муассисаҳо дар ин ҳашари дастҷамъона сокинони маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуданд. Роҳбарияти маҳалла бо ҷалби соҳибкорон ва мардуми заҳматпеша дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла ранг намудани биноҳо, тоза намудани оинаи тирезаҳо, буриши санитарии дарахтон, кишти гулҳо дар қадди роҳ, аз партов тоза намудани ҷӯйборҳо, нав кардани навиштаҷоти марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ва ғайраҳоро ба анҷом расониданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд