(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони идораву ташкилотҳои шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Наврӯзи байналмилал дар маъракаи густурдаи ҳашари дастҷамъонаи умумишаҳрӣ иштирок намуда, ҷиҳати боз ҳам зебову хуррам гардидани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд.

Ҳашарчиён дохили маҳаллаҳоро аз ҳамагуна партов тоза намуданд. Аз ҷониби гулпарварон гулҳои баҳорӣ дар қадди роҳҳо шинонида шуданд.

Воқеан ҳам қадами баҳори хуҷастапай ба шаҳри Хуҷанд низ расидааст. Яке аз таомулу ойинҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз низ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он ободкориву созандагӣ мебошад. Гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ бо нияти нек таҳкурсии ободиҳои гуногунро мегузоштанд, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва барои осудагиву фаровонии ҳар як хонадон замина муҳайё месохтанд.

Мо низ бояд ин анъанаи шоистаи наврӯзиро идома бахшида, то фаро расидани рӯзҳои таҷлили ин иди ниёгон барои ободиву сарсабзии кишварамон талош намоем ва аз худ барои ояндагон як мулки обод ва кишвари пешрафтаву тараққикардаро ба мерос гузорем. Агар ҳар як сокини назди хонаи худ, ҷойи таҳсил, макони кори худро тозаю мунаввар намояд, дар маҷмуъ шаҳри Хуҷанд боз ҳам зебо хоҳад шуд.

Бояд ҳар як шаҳрванди мамлакат барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд.

Яке аз ҳадафҳои Роҳбарияти Давлату Ҳукумат аз эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ маҳз аз он иборат аст, ки бо истифода аз ҳамаи василаву имкониятҳо маҳалли зисти хешро обод кунем, инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳиро тараққӣ диҳем ва бо ҳамин роҳ барои ҷалби сайёҳони дохили хориҷӣ имкониятҳоро фароҳам созем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд