(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҚарор аст, ки тибқи нақшаи тақвимии кории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои апрел-майи соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд корҳои тартиб донаи рўйхати биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо дар биноҳои баландошёна гузаронида мешавад.

Раёсати омори шаҳри Хуҷанд барои бақайдгирии биноҳои (хонаҳои) истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ кормандони муваққатӣ, ки саҳибмаълумот ва аз истифодаи техникаи муосир (планшет) бархурдоранд ба кор ҷалб карда менамояд.

Ин тадбир барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад, роҳандозӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд