(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари довталабон Рӯзи дарҳои кушод оғоз гардид. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ин ин муассисаи миёнаи махсус боздид намуда, доир ба раванди таълиму тарбия ва ихтисосҳои он маълумотҳои кофӣ ба даст оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ яке аз муассисаҳои таълимии соҳибмақом ва хазинаи тарбияи кадрҳои соҳибихтисосу соҳибунвони кишвар ба шумор меравад. Ин даргоҳи муқаддаси таълимиро то имрӯз зиёда аз 33 000 нафар хатм намуда, алҳол хатмкунандагони он дар тамоми муассисаҳои табобатии шаҳру навоҳии кишвар ва берун аз марзи он фаъолият мебаранд. Ин макони илму маърифат ва сарчашмаи эътимодбахши ҳимояи саломатии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Коллеҷи тиббӣ дорои 5 факултет: факултети кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, гурӯҳҳои мақсаднок амал мекунад. Дар коллеҷ 15 кафедра фаъолият мебарад.

Зикр гардид, ки коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дорои 2 бинои таълимӣ, 1 бинои хобгоҳ, 1 китобхона бо толори хониш ва китобхонаи электронӣ, ки бо шабакаи интернет пайваст карда шудааст, ҳамзамон кабинетҳои лингофонӣ, толори варзиш, майдончаи варзишӣ воллейбол, баскетбол ва бадминтон, майдончаи варзишӣ “Ҳомии ватан”, толори майда оид ба намуди тенниси рӯи миз, синфхонаи шоҳмот ва шашка, бунгоҳи тиббӣ, толори маҷлисгоҳ, 38 синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо, ошхона, устохона ҳамеша барои донишомӯзон фаъол аст ва эшон аз он самаранок истифода мебаранд.

Айни замон бо мақсади таъмини техникии раванди таълим бо технологияи информатсионӣ дар коллеҷ 45 адад компютер ва ҳамин миқдор тахтаҳои электронию видеопроекторҳо мавриди истифода қарор доранд.

Барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва илмии донишҷӯён дар коллеҷ маҳфилҳои “Химикони ҷавон”, “Ҳамдами бемор” (кафедраи кори ҳамширагӣ), “Дастони моҳир” (кафедраи стоматология), “Ворисони Сино” (кафедраи бемориҳои дарунӣ), “Муаррихони ҷавон”, “Забон донӣ –ҷаҳон донӣ”, “Фаришта” (кафедраи момоӣ ва амрози занона) ва даҳҳо маҳфиллҳои дигар фаъолият доранд.

Ба беш аз 400 нафар довталабон аз ҷониби маъмурияти коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд буклетҳои иттилоотӣ, ки иборат аз муаррифии ихтисосҳо аст, тақсим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд