(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум вакилон номзадии Мадина Набизодаро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2, пешниҳод намуданд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Нури Аҷам, № 26 Муъмин Шарифзода номзадии Мадина Набизода, директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстони вилояти Суғдро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешбарӣ намуд. Вакилон пешниҳоди мазкурро якдилона дастгирӣ намуданд.

Сипас вакилони шаҳрӣ номзадро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ райъ доданд.

Баъди раъй додани вакилон раиси комиссияи ҳисобӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор, №7 Наим Маликисломӣ дар бораи натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ оиди пешниҳоди номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2, иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки ба тарафдории Мадина Набизода ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 40 нафар вакилон райъ доданд. Ва дар ин бора қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Мадина Набизода соли 1974 таваллуд шудаааст. Мавсуф Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро соли 1996 бо ихтисоси омўзгори забон ва адабиёти тоҷик, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро соли 2013 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, аз соли 2017 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстони вилояти Суғд” кор мекунад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи муқаррароти моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонад танҳо як номзадро аз ҳавзаи интихоботие, ки худ дар он воқеъ гардидаанд, пешбарӣ кунанд, яъне Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҳуқуқ дорад як номзадро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ пешбарӣ намояд.

Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ў аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд