(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мумфаршкунӣ дар кӯчаи ГрибоедовАз субҳи имрӯз дар кӯчаи ба номи Грибоедови шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ оғоз ёфт. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин кӯча омада, бо роҳбарияти идораи «Суғдроҳ», Идораи давлатии истифодаи роҳҳо ва бо сокинони кӯчаи номбурда мулоқот намуда, таъкид намуд, ки барои корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии маҳалли зисти худ бояд ҳар як сокини маркази вилоят саҳми худро гузорад.
Сокинони он Қарори Раиси вилояти Суғд - Абдураҳмон Қодириро дар бораи соли 2014 эълон гаштани соли роҳхои обод ва ташаббуси тариқи ҳашар бо ҳамҷоягии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба сомон расондани мумфаршкунии кӯчаҳои аҳолинишин дастгирӣ намуда, якдилона ба ҳашар баромаданд. Мумфаршкунӣ дар кӯчаи ГрибоедовИн имкон дод, то дар давоми як рӯз кӯчаи мазкур, ки 30 соли охир таъмир нашуда буд, дар ҳамбастагии мақомоти маҳаллӣ ва сокинон аз таъмири куллии хушсифат бароварда шавад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд се километр роҳҳо пурра мумфарш карда шуда, шаш км роҳ таъмири ҷорӣ карда шуданд.