(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи Қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар доираи нақша чорабиниҳои Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор рӯзноманигорони собиқадори шаҳри Хуҷанд мавриди айёдат қарор гирифтанд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зимни мулоқоти самимӣ бо рӯзноманигорони собиқадори соҳибмактаб: Мирзоҷон Мирзораҳматов, Зебиҷон Абдуллоева, Муҳаммадзокир Қодиров, Муҳаррам Юсуфова, Саиднабӣ Наҷимӣ, Муҳаммадназир Аҳмадов ва дигарон номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик расонда, таъкид доштанд, ки хидмату корнамоиҳо ва садоқати аҳли қалам ҳамешагӣ дар зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои насли нави рӯзноманигорӣ мояи ифтихор ва пайравист.

Зикр гардид, ки имрўз дар саросари кишвар даҳҳо рўзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда, аҳли эҷод ва журналистон бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам медиҳанд, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва оянда-бинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд ва бо истифода аз нерўи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамоянд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, ба роҳбарияти олии мамлакат, вилоят ва шаҳр миннатдории хешрро баён доштанд. Таъкид доштанд, ки тамоми таҷриба ва донишҳои омӯхтаи хешро дар оянда низ баҳри ободӣ ва шукуфоии сарзамини аҷдодии хеш сарф хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми шоистаи Роҳбарияти вилояти Суғд ва созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон се сол инҷониб рӯзноманигорони бознишаста мавриди айёдат қарор дода мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд