(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ифтихори Рўзи матбуоти тоҷик ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: “Матбуот ва воситаи ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб мешавад ва чун баёнгари афкори умум, воқеънигори зиндагӣ дар пешбурди ҳаёти ҷомеа, тарбияи маънавии инсонҳо ҳамеша хизмат мекунад. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум низ маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Қобили таваҷҷўҳ аст, ки кормандони воситаҳои ахбори умум ин рисолати касбиашонро сарбаландона ва муваффақона адо карда меоянд. Имрўз дар саросари кишвар даҳҳо рўзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда, аҳли эҷод ва журналистон бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам медиҳанд, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд ва бо истифода аз нерўи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамоянд.

Таъкид гардид, ки таҷлили Рўзи матбуоти тоҷик ва дар ин замина рў овардан ба таърихи матбуот ин қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерўи бузурги ҳидояткунандаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик аст. Васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рўзгори мост ва сухани созанда ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён низ қаламкашонро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ҳамагон қалами сабзи хешро баҳри рушду ободонии сарзамини аҷдодӣ истифода хоҳанд намуд.

Сипас ба як қатор рӯзноманигорони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд