(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастархони сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд бо мусоидати роҳбарияти шаҳр дар бозори «Суғдиён»-и микроноҳияи 3-юм фурӯши густурдаи маҳсулоти кишоварзӣ аз дасти аввал роҳандозӣ карда шуд. Аз ҷониби маъмурияти бозор барои фурӯшандагон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла меҳмонхона, истгоҳ ва ҷойиҷораи комилан ройгон пешниҳод шудааст.

Ташкили фурӯши густурдаи маҳсулоти кишоварзӣ аз дасти аввал роҳандозӣ дар бозори «Суғдиён»-и микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд имкон фароҳам овардааст, ки мардум маҳсулоти тару тоза ва бо нархҳои дастрасро бидуни миёнарав аз дасти якум харидорӣ намоянд. Дар ин бозор маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам, карам ва ғайра аз бозор 30-40 дарсад арзон пешниҳод шудааст.

Деҳқонон аз шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастоҳ молу маҳсулоти худро бо назардошти имтиёзоти маъмурияти бозор ба харидорон пешкаш намуда истодаанд.

Ин шароит барои он деҳқононе, ки солҳои қабл тариқи нақлиёти боркаш дар шароити ғайрисанитарӣ ба мардум пешкаш менамуданд, хеле қулай ва ҷолиб аст.

Чунин иқдом ҳамзамон ҷиҳати пешгирии болоравии нархи маводи озуқа мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон «нақш»-и ҳаннотони бозор низ аз байн хоҳад рафт.

Абдураҳим Абдуллоев директори бозори «Суғдиён» мегӯяд, ки аз ҷониби маъмурияти бозор барои фурӯшандагон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла меҳмонхона, истгоҳ, иҷораи ройгон пешниҳод шудааст.

Ин манбаъ афзуд, ки дар ин бозор беҳтарин шароити фаъолият комилан ройгон пешниҳод карда мешавад. Бозор наздик 2000 нуқтаи савдо дар масоҳати 9 гектар буда, 16 дарвоза, таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 1500 мошин мавҷуд ва дорои дигар имконоти инфрасохторӣ мебошад. Бозор бо усули замонавӣ бунёд ва дар он имконияти васеъи фаъолият махсусан барои яклухтфурӯшони маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Маъмурияти бозор иудом гирифтааст, ки дар рӯзҳои наздик фуруши орд, равған ва биринҷро низ дар ин мавзеъ роҳандозӣ намояд.

Воқеан ҳам маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ғизоҳои аввалини инсоният буда, дар замони муосир истеҳсолкунандагон ва тоҷирон онро дар шаклҳои нав ва дар шароитҳои арзандаи мувофиқ бо талаботи санитарию эпидемологӣ барои истеъмолкунанда пешниҳод месозанд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин иқдоми роҳбарияти вилояту шаҳр дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳайё намудани шароити арзанда ба мардум қадами устувору қатъӣ мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд