(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Рӯзи модар ба манзили якчанд нафар собиқадорони соҳаи маориф, аз ҷумла Сафия Акрамова, Рафоат Раҳимова, Мушарраф Юнусова ва Муҳтарам Зоҳирова рафта, эшонро табрику таҳният намуд.

Маъруф Муҳаммадзода зимни суҳбати самимӣ бо модарон аз ҷумла таъкид дошт, ки зан - модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст, ҳақ дорад, ки зеботарин рўзи сол низ аз ў бошад. Занону модарони мо инчунин метавонанд дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нақши бузург бозанд.

Таъкид шуд, ки занону модарони тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят будаанд. Бузургони илму адаб занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон - Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд. Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомўзад ва тавассути суханони пурҳикмати ў соҳиби маърифат мегардад. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон, ва устоди беназири фарзанд аст, нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва меҳру навозиши ў ба камол расидаем ва сабақи одамият омўхтаем».

Шаҳрдор гуфт, ки маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ўро дўст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор миннатдорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд