(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва соҳибкорони шинохтаи шаҳр мағозаи фурӯши либосҳои мардонаи бренди итолиёвии "RAYMONDO" ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки мағозаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Мақсудҷон Набиев таъсис дода шуда, дар он асосан либосҳои мардонаи истеҳсоли бренди итолиёвии "RAYMONDO", аз ҷумла шим, курта, костюм, кафш, либосҳои тагпӯш, ҷуроб, атриёт ва ғайра ба фурӯш гузошта шудааст. Мағоза аз таҳхона ва як ошёна иборат буда, ғайр аз молҳои истеҳсоли Истолиё ҳамзамон молҳои ширкатҳои маъруфи туркӣ низ дар ин маркази тиҷоратӣ фурӯхта мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суҳбат бо муассиси мағоза ва дигар соҳибкорони шаҳр аз ҷумла зикр дошт, ки иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиёт ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таъмин гардид. Агар мо инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро зодаи Ваҳдати миллӣ гӯем, иштибоҳ нахоҳем кард. Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани имконияти васеъи қонунгузорӣ ва муҳити созгори фаъолият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар шароити ҳассосӣ муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баланди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад. Расидан ба ин мақсад аз бисёр ҷиҳат ба инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад. Ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки ҷумҳурии мо, бори сеюм ба қатори даҳ кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардад. Шаҳрдор гуфт, ки хуштахтона дар ҳама самтҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ соҳибкорони шаҳри Хуҷанд намунаи ибратанд.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба мақоми Олии қонунгузории мамлакат, инчунин дар вохӯрӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ бахшида ба рӯзи соҳибкорон, масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусиву сармоягузориро ба таври алоҳида мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини дурнамои рушди ин бахши муҳими иқтисодиёт дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омода аст, ки бо тамоми соҳибкорон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкоиҳои мутақобилаи судманд лоиҳаҳои гуногунсамтро анҷом бахшад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд