(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Анвар Яъқубӣ ба манзили якчанд нафар бонувони собиқадори арсаи сиёсат, маориф, саноат, иҷтимоиёт ва ғайра рафта, эшонро табрик намуданд.

Маъруф Муҳаммадзода ва Анвар Яъқубӣ зимни мулоқоти самимӣ бо Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳ Тоҳирова, собиқадорони соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ Файзинисо Ғафурова, Хосият Зокирова ва дигарон аз ғамхориҳои Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки занону модарони тоҷик дар гузаштаи начандон дур ва бухусус замони Истиқлолият дар баробари ба даст гирифтани ташаббус дар бобати ба низом даровардани оила ва расму оинҳои халқӣ, тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солими ҷомеа, инчунин дар пешрафти иктисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши иктидори истеҳсолӣ ва ободии Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Корҳои бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷараёни тоза касб намудааст, ки бо дасти насли ҷавону бо тарбияю раҳнамоиҳои модарон, яъне эҳсоси гарми одамияту башардӯстӣ, худшиносиву ватанпарастӣ ва бунёдкориву созандагӣ сурат гирифта истодааст.

Аёдатшудагон, аз ҷумла Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, бонуи 96 сола Ҳамроҳ Тоҳирова шукронаи амну осоиштагӣ дар кишвар намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки “Ман бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кишвари биҳиштосоям Тоҷикистон фахр мекунам. Чунин мамлакати ободу ором ва файзбахш дар ягон кунҷи дунё нест".

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд