(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТабақтарошӣ навъи ҳунарест,ки ба соҳаи чӯбкорӣ алоқаманд аст. Худи табақ зарфест, ки дар он таом тановул менамоянд. Ба ибораи дигар он аҳли оиларо бо ҳам муттаҳид ва гирди як сурфа ҷамъ меоварад. Табақ аксар маврид барои тановули хӯрокҳои қурутоб,шакароб,шӯрбои табақин оши угро ва баъзан оши палав истифода мешавад. Ва ин таомҳоро тоҷикон танҳо бо даст мехӯранд, на бо қошуқ.

Дар тӯю маъракаҳои ҷануби кишвар ҳатман шӯрбои маъракаро дар табақ мекашанд. Бинобар ин талабот барои табақтарошӣ ҳамеша вуҷуд дорад. Табақҳо аз ҷиҳати сохту андоза гуногун буда, калону хурд, паҳн, чуқур мешаванд. Масолеҳи он чӯб, сафол,фулузот,ва баъзан мармар низ истифода мегардад. Тавре муҳаққиқи ҳунарҳои мардумӣ Дилшод Раҳимов менависад, устохонаи табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйчаҳои кӯҳӣ сохта мешуданд. Аз таги устохона об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд. Об бо суръати баланд ба новадон омада, чархро гардон ва чарх тири дастгоҳро тоб медод. Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда,қисми болои он аз фарши чӯбин гузашта, дар миёнаҷойи дӯкон устувор меистад. Дар болои тир се адад мехи рӯболо кӯфта шуда, усто ба он чӯби коркарданашударо маҳкам мекард.Бо тоб хӯрдани чарх ва тир кундачӯби нотайёр низ чарх мезад ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ шурӯъ менамуд. Барои табақтарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор,зарбед истифода мешавад. Ва бештар чӯби дарахтеро интихоб мекарданд, ки дар он ҷойҳо шамол камтар мевазад. Дарахтоне, ки дар дараҳо рӯида ва шамол онҳоро камтар ҷунбонидааст, чӯби онҳо мулоим мебошанд. Кундаҳои дарахтонро бурида, дар оби ҳавзу обанборҳо ба муддати дароз, баъзан то 4-5 сол нигоҳ медоштанд то, ки обро пурра ба худ кашида, дар вақти коркард давраҳои табақ ё ашёи дигар накафад. Аҳмад Исматов аз зумраи ҷавонони табақтарош аст, ба он назар аст, ки ”Сохтани табақҳои гуногун ва масолеҳи чӯбин кори осон нест. Аз ин ки аз чӯб чизе сохта бошед, пеш аз ҳама наққош будан зарур аст.Зеро дар ибтидо шаклу андозаро бояд донист, баъд ба офаридани табақ машғул шудан мебояд. Ҳунарманд ҳангоми тарошидани табақ аслан аз чӯбҳои чормағз, тут, чинор истифода менамояд”. Ба ақидаи ӯ агар табақ аз дарахти чинор тайёр шавад беҳтар аст. Аслан дар гузашта табақтарошӣ мавсимӣ будааст. Ҳоло бошад бо таъсири технологияи ҳозиразамон кори табақтарошӣ хеле осон шудааст, ҳатто сифати табақҳои тарошидаи онҳо низ беҳтар аст. Акнун табақатарошӣ кори мавсимӣ набуда, вобаста аз фармоиш метавонад дар тамоми фасли сол сурат гирад. Ба монанди табақтарошӣ навъи ҳунарҳои анъанавӣ дар ноҳияи дурдасти мамлакат хеле зиёд ва дар бораи онҳо мардум кам маълумот доранд. Аксаран танҳо дар ҳудуди деҳа ва ноҳияҳои худашон шинохта мешаванд. Имрӯз, ки дар замони иттилоот қарор дорем, метавонем ҳунари онҳоро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмиллалӣ муарифӣ намуд. Дар бораи ҳар ҳунари онҳо тадқиқоти алоҳидае анҷом дод. Бояд тазаккур дод, ки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ва ба ин васила ба шуғл фаро гирифтани аҳолии мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ бо ҳам алоқаманданд, зеро маҳсули дастранҷи ҳунармандон асосан ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод шудани фурӯши чунин маҳсули дасти ҳунармандон дар рушди минбаъда ва ҳифзу омӯзиши ҳамаҷонибаашон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Абдувалӣ Рауфов, омӯзгори фанни технология
ва нақшакашии литсейи физикӣ-математикии №1
ба номи академик М.Осимии шаҳри Хуҷанд