(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони раёсати омори шаҳри Хуҷанд дар мақомоти давлатии ҳудуди шаҳри Хуҷанд корҳои ташфиқотию тарғиботиро оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 бо истифода аз варақаҳои иттилоотӣ оғоз намуданд ва ин иқдом то оғози маъракаи муҳим идома хоҳад ёфт. Таргиботчиён варақаҳои иттилоотиро ба шаҳрвнадон тақсим намуданд. Дар маҷмуъ беш аз 8000 адад чунин варақаҳо дар шаҳри Хуҷанд тақсим гардид.

Бояд қайд намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» барӯйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар қаламрави мамлакат аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд