(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 12 марти соли 2020 иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум доир мешавад. Дар иҷлосияи мазкур якчанд масъала мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тавсиб расидааст.

Вакилон дар иҷлосия масъалаҳои гуногун аз ҷумла: «Ахборот дар бораи вакилони интихобшуда», “Дар бораи тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд”, “Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд”, “Дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд», интихоби раис ва аъзои онҳо”, «Дар бораи ворид намудани таъғиру иловаҳо ба бучети шаҳри Хуҷанд дар соли 2020», «Дар бораи муқаррар намудани меъёри андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд», “Дар бораи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи интихоби вакилон ба ҷаласаи якҷояи мақомоти маҳаллии намояндагии вилояти Суғд», “Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд» ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд