(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри 2019) доир ба тарғиби китоб ва китобхонӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд китобхона таъсис дода шуд. Китобхона аз асарҳои Пешвои миллат, осори шоирон ва нависандагони тоҷик, китобҳо доир ба сиёсати хориҷӣ, фарҳангҳо ва донишномаҳо, китобҳо доир ба таърих ва фарҳангу тамаддуни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ва китобҳои бадеъӣ фароҳам омадааст.

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ инчунин ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолиаи он, бавижа асарҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ин китобхона боздид намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки китобхона макони илму маърифат ба шумор рафта, ба кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имкон медиҳад, ки барои такмил додани дониш, рушди ҷаҳонбинӣ ва дарёфти иттилоот аз он самаранок истифода баранд.Ин иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ буда, китоб яке аз беҳтарин офаридаҳои инсон аст, ки тавассути он насли имрӯза аз таҷрибаи гузаштагон баҳраманд мегарданд. Гузаштагони мо афкору андешаи худро барои ояндагон маҳз тавассути китоб ба мерос гузоштаанд.

Шаҳрдор ба масъулини дахлдор дастур дод, ки баҳри дарёфти осони китоб феҳристи китобхона таҳия ва рӯзҳои мутолиа барои хизматчиёни давлатӣ муайян карда шавад. "Беҳтарини китобхон"-и ин китобхонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар охири сол бо туҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ хоҳад шуд.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд бо назардошти афзун намудани сафи китобхонон ва ғанию гуногунмазмун намудани китобхонаи навтаъсиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иқдоми хайрхоҳонаи хеш 500 адад китобҳои гуногунсоҳаро аз китобхонаи шахсиаш ҳадя намуд.

Ҳамин тавр, миқдори китобҳои ин маҳзани маърифат наздик ба 1000 адад расонида шуданд.

Ин иқдоми шаҳрдорӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳр ва масъулини китобхонаи навтаъсис истиқболи гарм пайдо намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд