(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар доираи вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва тарғибу ташвиқи маданияти шаҳрдорӣ бо сокинон ва фаъолони маҳаллаҳои Сайҳун ва Ваҳдати шаҳр мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси шаҳр оид ба масълаҳои ободонии маҳаллаҳо, ҷалби сокинон баҳри бунёду азнавсозии маҳалли зисти хеш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муносибат бо шахсони бегона, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, маданияти шаҳрдорӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаҳои сиёсии дар пешистода суҳбати озоду ошкоро намуд.

Таъкид гардид, ки ба истиқболи 30 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки рӯз ба рӯз симои шаҳрро тарҳу намои тоза мебахшад, ҷараёни тоза касб намудааст. Таъмиру навсозии иншооти таъиноташ гуногун, гулгашту хиёбонҳо, марказҳои фароғатию истироҳатӣ, бунёди мактабу майдончаҳои варзишӣ, ки ахиран таваҷҷуҳ ба онҳо зиёд шудааст, қобили дастгирист. Зеро симои наву замонавӣ касб кардани шаҳри Хуҷанд боиси фараҳмандиву ифтихори ҳар фарди худогоҳ, бахусус сокинони маркази маъмурии вилояти Суғд гардидааст.

Воқеан ҳам ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд нишон медиҳанд, ки талошҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин самт муваффақонаву самаранок аст. Зеро дар ҳама бахшҳои шаҳрдорӣ, шурӯъ аз низоми таълим дар муассисаҳои таҳсилотӣ, бунёди иншооти гуногун, гулкориву сабзкориҳои бесобиқа дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, назди бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба чашми ҳар бинанда, бахусус меҳмонони он ҷилвагар мегардад.

Маъруф Муҳаммадзода аз сокинон ва фаъолони маҳаллаҳои Сайҳун ва Ваҳдати шаҳри Хуҷанд даъват ба амал овард, ки аз ҷониби Давлату Ҳукумат то қадри имкон корҳои ободонию созандагӣ ба иҷро расонида мешавад ва дар ин раванд аз ҳар сокини шаҳр, бахусус фаъолон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо ва гирду атрофи коргоҳҳои хеш таваҷҷуҳ намуда, дар маҷмӯъ ба ободонии шаҳр саҳмгузор бошанд. Ташаббускор бошанд, дар идомаи силсилаи ободокориҳо саҳми шоиста гузошта, ба рушди шаҳрдорӣ ҳиссагузорӣ намоянд.

Дар анҷоми мулоқот фаъолони маҳаллаҳои Сайҳун ва Ваҳдати шаҳр омодагии хешро ҷиҳати бунёд ва обод намудани маҳалли зисташон изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд