(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Хуҷанд дар доираи нақша – чорабиниҳо оид ба мулоқоти номзадон бо интихобкунандагон вохӯрии навбатии интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи Масҷиди сурх №5 доир гардид.

Дар он шахсони боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва номзад ба вакили Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ Дилафрӯз Саидӣ аз шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзадон маърӯза намуданд.

Гуфта шуд, ки дар асосии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоби вакилон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон такя ба занону бонувон ва ҷавонон мекунад.

Номзадҳои пешбаришудаи кумиҷроияи шаҳрӣ шахсони дар ҷомеа соҳиби обрӯю мақом буда, барои иҷроиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва барномаҳои тарҳрезинамудаи худ кӯшиш ба харҷ хоханд дод.

Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ оид ба ваколатҳои вакилии худ дар Парлумони мамлакат ва нақшаҳои дурбинонаи худ назди интихобкунандагон гузориш дод.

Сокинони маҳал доир ба чароғонкунӣ, асфалтпӯш намудани кӯчаҳо, таъминоти босифати об, кашидани хати барқ ба маҳаллаи чоруми шаҳр, гарон будани доруворӣ ва хизматрасониҳои муоинаи тиббӣ ба номзадон савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар фарҷоми ҷаласа аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар қиёс ба чанд соли пешин интихобкунандагон аз мушкилии хонаводагии худ сухан накарда, балки таклифу пешниҳодҳои худро барои ободии маҳал ироа мекунанд. Ин аз фарҳанги баланд ва беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии мардум дарак медиҳад. Қайд карда шуд, ки ҳадафи ҲХДТ низ таъмини зиндагии орому осоишта ба ҳар як сокини кишвар аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд