(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар участкаи интихоботии №51 воқеъ дар МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Тиллокон №37 бо номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқот баргузор гардид.

Раиси комиссияи ҳавзаи шаҳрии интихоботи маҷлиси вакилони халқ Хайрулло Нурматов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида баён дошт, ки дар мувофиқа бо комиссияи ҳавзавии вилоят шурӯъ аз санаи 11 феврали соли ҷорӣ вохӯриву мулоқоти номзадон сурат гирифта истодааст.

Сипас, шахси боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи мазкур Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мукаррам Бузрукова доир ба муҳтавои барномаи номзад ба вакилӣ ва корҳои анҷомдодаистодаи Маъруф Муҳаммадзода ба интихобкунандагон маълумоти муфассал дод.

Таъкид шуд, ки Барномаи пешазинтихоботӣ дар асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳрезӣ шуда, бо назардошти рушди паёпайи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру вилоят, густариши кулли паҳлўҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ мураттаб гардидааст.

Инчунин барномаи пешазинтихоботӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва гулзоркунии ҳавзаи интихоботӣ, саҳмгузорӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон равона карда шудааст.

Зикр гардид, ки Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд воқеъан ҳам, Раиси мардумӣ, ки ҳамеша дар пайи ободии шаҳр, беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум шабонарӯзӣ фаъолияти пурсамар дорад. Барои пешрафт ва таъмини зиндагии арзанда барои сокинони шаҳри Хуҷанд азму талоши ҷиддӣ дорад. Мутмаъинем, ки инро ҳар як сокин ва меҳмонони шаҳр аз руйи ободии босуръат ва мунавварии шаҳр тасдиқ менамоянд. Интихобкунандагон раъйи худро ба номзади арзандаи хеш медиҳанд, то ин ки зиндагиашонро боз нуру сафо бахшад.

Мулоқот бо суолу дархостҳои судманд баҳри ободонии маҳал анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд