(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №24-и шаҳр мулоқоти Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Нахуст Маъруф Муҳаммадзода роҷеъ ба корҳои анҷомдодаи шаҳрдорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр дошт, ки корҳои сохтмонию навсозӣ, бунёдкорию ободонӣ вусъат ёфта, масъулин баҳри ободу зебо гардонидани симои зоҳирии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 341 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст. Танҳо дар соли 2019 зиёда аз 72 банди нақшаи чорабинӣ иҷро гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 274 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Давоми солҳои 2018-2019 бошад, дар умум 120 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 343 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷоиши 67,25 фоизи иншоотҳои ба нақша гирифташударо дар бар мегирад.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси шаҳр оид ба масълаҳои ободонии маҳаллаҳо, ҷалби сокинон баҳри бунёду азнавсозии маҳалли зисти хеш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муносибат бо шахсони бегона, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, маданияти шаҳрдорӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаҳои сиёсии дар пешистода суҳбати озоду ошкоро намуд.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби сокинони маҳаллаҳо фикру андешаҳои созанда ҷиҳати ободонии маҳалли зист манзур карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд