(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЯк гурӯҳ занону бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд ва модарони сарбозони ихтиёрӣ, ки алҳол хизмати Модар- Ватанро адо намуда истодаанд, ба қисми ҳарбии 3501-и ВКД ҶТ ташриф оварда, онҳоро бо таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шодбош гуфтанд.

Таъкид гардид, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар он солҳои фоҷиабори таърихи кишварамон ба муқовимати шадиди нерӯҳои дар хориҷи кишвар таълимдидаи хоинону душманони миллати тоҷик ва дигар амалиёту муборизаҳои махсус қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, дар ин роҳ ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд. Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ба ҳайати шахсии қисми низомӣ номаи табрикотии Раиси шаҳр Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро расонд.

Сипас ходимони давлатию сиёсӣ, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова ва Шуҷоат Ҳасанова, як гуруҳ модарони сарбозон, намояндаи қисми ҳарбӣ роҷеъ ба дастовардҳои Истиқлолият, таҳқими сулҳу суббот ва рушди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Фарзона Раҳимова, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар назди ҳозирин шеърҳои ватандӯстона қироат намуд. Бояд қайд намуд, ки дар ин рӯз занону бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд ва модарони сарбозони ихтиёрӣ ба қисми низомӣ нону самбӯса, шириниву торт ва 100 ҷуфт ҷуроб ба ифтихори 27 солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақдим доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд