(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ баён гардиданд, ҳамзамон қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Хуҷанд дар давраи то соли 2020» аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Гагарини шаҳр ду адад овезаҳои тарғиботии калонҳаҷм насб гардиданд.

Мазмуни ин овезаҳо ба самти беҳдошти иқлим, тоза нигоҳ доштани табиат бо тасвири аксҳо таҳия гардида, ҳамзамон суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи табиат, аз ҷумла: “Мо бояд ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем.”, навишта шудааст.

Мусаллам аст, ки тамоми кишварҳои минтақа аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд. Дар шароити тағйирёбии иқлим масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст. Кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар миқёси ҷаҳонӣ, алалхусус дар чаҳорчубаи Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст. Ташаббусҳои мо дар ин ҷода ба эҷоди як платформаи васеъ барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои бештар мусоид ва оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нигаронида шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар соли равон дар самти татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Хуҷанд дар давраи то соли 2020» баргузории як қатор чорабиниҳои экологӣ пешбинӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд