(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altМан соҳиби чор фарзанд мебошам. Бо меҳру муҳаббат фарзандонро калон карда истодаем ва умед дорем, ки дар оянда ба нафъи халқу ватан хизматҳои нек хоҳанд кард.

Писарони калонам Бахтиёр ва Баҳодур мисли Ҳасану Ҳусейн калон шуданд ва дар як синф таҳсил карданд. Пас аз хатми мактаби миёнаи №9 писаронамро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд ва ҳарду дар қисми низомии 07017-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон хизмат намуда, бо сари баланд ба хона баргаштанд. Аз сӯҳбату хизмати бародаронаш писари хурдӣ Баҳромҷон низ бо ихтиёри худ моҳи октябри соли 2018 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайваст ва ҳоло дар қисми низомии 06830-и ноҳияи Фахрободи вилояти Хатлон хизмат намуда истодааст.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Сущд ҳар се писарамро рафта хабар гирифтем ва аз шароити зисту хизмати аскарбачаҳо бахабар шудем. Шароит хеле хуб аст, хӯроки гарм, либоси тозаву озода. Ягон хел танқисиро мо дар қисмҳои ҳарбӣ пай набурдем.

Ман бо писари хурдӣ Баҳромҷон тариқи телефон дар тамос мешавам ва овозашро мешунавам. Вақташ хушу аз хизматаш розӣ аст. Командири аскарбачаҳо Раҳмдил Худойназаров ва дигар афсарон Наврӯз Ашӯров, Хуршед Назримшоев, Рустам Холматов, Алишер Неъматов дар телефон ба ман гуфтанд, ки писарам тарбияи хуб дорад. Аз ин баҳои баланди онҳо ману падараш хеле шод шудем ва осуда гаштем, ки писарамон дар хизмати ҳарбӣ мавқеъ ёфтааст.

Дар тарбияи хуби фарзандонам омӯзгорони МТМУ №9-и шаҳри Хуҷанд хеле калон аст. Ватандӯстиву шарафмандиро албатта, фарзандонам аз устодони мактабиашон омӯхтаанд, ки ба онҳо сипос мегӯем.

Обрӯву нуфуз ва шарафи ҳар миллат фарзандони не каст. Бигузор ҳамаи волидайн писаронашонро хуб тарбия намуда, ба хизмати ҳарбӣ омода намоянд, зеро онҳо дар хизмат ба қадри ватану падару модар бештар мерасидагӣ мешаванд.

Ба ҳамаи аскарбачаҳо саломативу хизмати содиқонаву сарбаландонаро орзу мекунам.

Анорҷон Раҳматова,
сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Темурмалик