(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501-и ВКД ҶТ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Асрор Шарифзода номаҳои табрикотии роҳбарияти вилоят ва шаҳрро ба самъи хизматчиёни ҳарбӣ расониданд.

Дар номаҳои табрикотӣ аз ҷумла зикр гардидааст, ки санаи 23 феврали соли 1993 барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо рӯзи таърихӣ аст. Зеро маҳз аз ҳамон рӯз қадамзании музаффаронаи Артиши миллӣ оғоз гардид, ки бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт. Таи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд.

Фарзандони асили вилоят, дар қатори ҳазорҳо ҷавонони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо садоқат ва имони комил, бо даъвати виҷдону супориши Ватан дар сафҳои Артиши миллӣ баҳри адои қарзи фарзандӣ камар бастанд.

Сипас, ҳайати меҳмонон аз вазъи хизмат ва зиндагии аскарон аз наздик шинос гардиданд. Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ барои аскарон ва афсарони қисми низомии 3501 -и ВКД ҶТ чун дигар қисмҳои ҳарбӣ дастархони идона густурда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд