(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, вохӯрии навбатии ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон доир гардид.

Мулоқотро раиси ҳавзаи интихоботии “Хуҷанд”, №13 Баҳодур Муъминов оғоз намуда, доир ба раванди муаррифии номзадон ва тарғиби азҳоби сисёсӣ дар ин маъракаи интихоботӣ маълумот дод.

Сипас, роҳбарони ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Қудратов, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлуба Амонзода, раиси ҲКТ дар вилоят Қурбонҷон Мирзоева, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон дар вилоят Абдуҷаббор Юлдошев, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон дар вилоят Мирзоанвар Ахмедов доир ба аҳдоф ва дурнамои азҳоби худ дар интихоботи дар пешоистода маълумоти муфассал доданд.

Зикр гардид, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои афзалиятноки муайянкунанда, албатта, барои ҳар як шаҳрванди диёр, аҳамияти махсус дорад ва ҳизбиён онро дар сархати пешбурди фаъолияти хеш қарор додаанд.

Таъкид шуд, ки дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки тавассути он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 соли хеле муҳиму арзишнок маҳсуб гардида, раванди баргузории маъракаҳои қарибулвуқўъ ҳамагонро барои гузариш ба давраи сифатноки нави ҷомеа ворид менамояд.

Дар тамоми давлатҳое, ки бунёди ҷомеаи демократиро пеш гирифтаанд, ҳуқуқи ба таври озод интихоб намудан ва интихоб шудан яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад. Тавре дар моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти судманд анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд