(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар участкаи интихоботии №35 воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар доираи мулоқот ва муаррифии номзадон ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрии судманди интихобкунандагон бо номзадон ба вакилони халқӣ баргузор гардид.

Мулоқотро раиси комиссияи шаҳрии интихобот Хайрулло Нурматов ифтитоҳ намуда, ҳадафи мулоқотро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки дар мулоқоти имрӯз номзадон ба вакилии парлумони касбӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 ва номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Сирдарё №1 бо шахсони боэътимодашон ҳузур доранд ва барояшон фурсат дода мешавад, ки барномаҳои интихоботиашонро муаррифӣ намоянд.

Сипас, шахсони боэътимоди Гулбаҳор Назирӣ, Суҳробҷон Самадов, Мубина Хоҷаева, Шуҳрат Файзуллоев, ки номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Хуҷанд №13 мебошанд ва ашхоси бовариноки Бахтиёр Мирзобаҳодуров, Абдуҳамид Нугмонов ки ҳамчун номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Сирдарё №1 пешниҳод шудаанд ва Фирӯза Нуруллозода, Абдухалил Сангинов номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дӯстӣ №25 мебошанд, тарҷумаи ҳол ва барномаи интихоботии вакилони ояндаро муаррифӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки тавассути он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 соли хеле муҳиму арзишнок маҳсуб гардида, раванди баргузории маъракаҳои қарибулвуқўъ ҳамагонро барои гузариш ба давраи сифатноки нави ҷомеа ворид менамояд ва аз ҳамаи интихобкунандагон тақозо мегардад, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат намуда, роҳи минбаъдаи худро барои панҷ соли оянда муайян созанд. Зикр шуд, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳавзаҳои интихоботӣ тамоми шароити мусоид муҳайё карда шудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд