(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иштироки тарбиятгирандагони кӯдакистони №25-и шаҳри Хуҷанд дар гуруҳи омодагӣ ба мактаб бо роҳбарии мураббия Саида Абдурозиқова бахшида ба 27 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявию ватандӯстӣ гузаронида шуд.

Шеъру суруд ва гуфтору саҳначаҳои ҷолиб дар бораи Артиши миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.

Имрўз ифтихор дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ бо сарбаландӣ баромада, Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар чорабинӣ дар баробари маъмурият, мураббиён ва волидайни муассисаи томактабӣ ҳамзамон 2 нафар афсарон аз қисми низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, амалан рӯзгори сарбозиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд