(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Сари баландӣ №20 ва номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мулоқот доир шуд.

Раиси комиссияи ҳавзаи шаҳрии интихоботи маҷлиси вакилони халқ Хайрулло Нурматов чорабинро ҳусни ифтитоҳ бахшида баён дошт, ки дар мувофиқа бо комиссияи ҳавзавии вилоят шурӯъ аз санаи 11 феврал вохӯриву мулоқоти номзадон сурат гирифта истодааст.

Дар идома шахсони боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, номзадон ба вакилии Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ Хол Ҳайдар ва Мирзохалил Наҷмиддинов, номзад ба вакили Маҷлиси шаҳрии Маҷлиси вакилони халқ Хайрулло Ғайбуллозода бо зиндагинома ва Барномаи пешазинтихоботии номзадон аҳли нишастро шинос намуданд. Зикр шуд, ки номзадҳо ҳама аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар пиёда сохтани ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки ҷавҳараш таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст, дар сурати пирӯзи дар интихобот саҳмгузор хоҳанд буд.

Сокинони ҳавза оид ба кӯмаки моддӣ, мумфаршкунии кӯчаҳои ҳудуди маҳал, бештар бо сокинон мулоқот оростани вакилон таклифҳои мушаххас доданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар баромади хеш зикр дошт, ки ҳизбиёни шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати садоқатмандона намуда, бо ташкили ситоди пешазинтихоботии ҳизб барои роҳнамо ба арзу муроҷиатҳои халқ фаъолият бурда истодааст. Таъкид шуд, ки вазифаи гурӯҳи тарғиботчиёну ташвиқотчиёни ҳизб ин пеш аз хама то ба мардум расонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст. Мушкилоти ҷузъие, ки имрӯз дар маҳаллаҳо мушоҳида мешаванд, давра ба давра ҳали худро меёбанд. Алҳол дар шаҳри Хуҷанд бо азму талошҳои роҳбарияти шаҳр, бахусус Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 341 банд, беш аз 510 иншооти ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли 2019 зиёда аз 72 банди нақшаи чорабинӣ иҷро гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 274 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Давоми солҳои 2018-2019 бошад, дар умум 120 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 343 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷоиши 67,25 фоизи иншоотҳои ба нақша гирифташударо дар бар мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд