(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии вилояти Суғд мулоқоти роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.

Дар мулоқот намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ширкат ва доир ба рушди бемайлони соҳаи маориф ва илми кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, ва дар ин замина, оиди иқтидору дастовардҳои муассисаҳои олии касбии вилоят изҳори андеша намуданд.

Фирӯза Нуруллозода аз ҷумла таъкид намуд, ки давлату ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд 47 мактаб, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 10 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 комплекс кўдакистон - мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 42460 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, 2491 нафар омўзгорон ба таълиму тарбияи онҳо машғул ҳастанд. Соли 2019 дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуда, 18 нафар ҷойи якум, 29 нафар ҷойи дуюм ва 55 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 47 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 6 нафар ҷойи якум, 19 нафар ҷойи дуюм, 22 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Бо ин дастоварди арзанда дастаи хонандагони болаёқати шаҳр дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми сеюм ва дар миқёси вилоят ҷойи аввалро ишғол намуданд. Инчунин дар ин давра 60 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр ва 7 нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ сарфароз гаштанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 синфи 9-ро 3157 нафар ва синфи 11-ро 2661 нафар хонандагон хатм намуданд. Аз шумораи умумии 2661 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро хатм намуда, тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1851 нафар ба муассисаҳои олии кишвар, 315 нафар ба муасиссаҳои миёнаи касбӣ ва 459 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 аз муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр синфи 9-ро 3228 нафар ва синфи 11-ро 2828 нафар хонандагон хатм хоҳанд кард.

Ҳамасола дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вохўриву мулоқотҳо гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории чунин вохўриҳо, ин аз тарафи хонандагони хатмкунанда бидуни душворӣ муайян ва интихоб намудани ихтисоси ба худ муносиб ва минбаъд давом додани дониши худ мебошад.

Сипас аз ҷониби роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои олии вилоят доир ба ихтисос ва факултетҳои тадрисгоҳҳо маълумот дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд