(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва бо ҷалби муҳассилини литсейи касбӣ –политехникии №44-и шаҳр дар кӯчаҳои Сирдарёи маҳаллаи Навбаҳор ва Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзана ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни Наврӯзи байналмилал, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019-2021 аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Иштирокдорони аксияҳо бо амалӣ намудани корҳои дастаҷамъона соҳили дарёи Сирро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза намуда, ба ҳусни дарёи беназир дар Осиёи Миёна ҷилои нав бахшиданд.

Зимни аксия аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист аз сокинони ин маҳал даъват ба амал оварда шуд, ки соҳили дарёро тозаю озода нигоҳ доранд ва ҳисси эҳтиром ба манбаи ҳаёт — обро ба ҷой оранд. Ҳашарчиён дар ин рӯз пояи дарахтонро нарму сафед намуда, дохили заминҳои канори роҳҳоро аз сангҳои калон ва партовҳои гуногун тоза намуданд.

Таъкид шуд, ки ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ба кори доимии шаҳрвандон мубаддал гардад. Ин воситаи муҳими тарбияи ватандўстӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд аст. Мо бояд маҳалли зист, шаҳр ва Ватани маҳбубамонро танҳо худамон тозаву хуррам ва ободу мунаввар намоем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд