(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси нақша чорабинии муштарак байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаи дар шаҳр будаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШВКД дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо бошандагони маҳаллаҳои «Тути калон» ва «Хуҷанд» вохӯрӣ дар самти «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баро солҳои 2013-2020 », муҳоҷирати бехатар дар толори МТМУ № 12-и шаҳр баргузор гардид.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов оид ба «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» маъруза намуда аз ҷумла иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҳанӯз аз оғози роҳбарии хеш ба ин масъала аҳамияти махсус зоҳир дода, ба қабули яке аз аввалин қонунҳои миллӣ «Дар бораи мубориза бо коррупсия» мусоидат намуданд. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеъа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ҳисобида мешавад. Мақсаду мароми стратегияи мазкур ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои рушди иқтисодиёт, инкишофи демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии халқ равона карда шудааст. Аз ин рӯ, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ҳамчун санади дурнамо буда, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ дар рафти маърузаи худ диққати аҳли толорро ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон ва масъулияти аҳли ҷомеа, аз ҷумла падару модарон ва шахсони наздик дар ин раванд ҷалб намуд. Таъкид кард, ки тибқи маълумотҳои мавҷуда ҳоло наздик ба 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ба насли наврасу ҷавонон бесобиқа мебошад ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои онҳо насли ояндасозро мебинад.Ҷавобан ба ғамхорию дастгириҳо ин қишри ҷомеа бояд насли ояндасоз ва ояндаи дурахшони давлату миллат буданашонро дар амал нишон диҳанд.

Муовини сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд Ифтихор Шарипов роҷеъ ба стратегияи барномаҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти милитсия дар шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал дод. Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намудаанд, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.»

Зикр гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти милитсия якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешгирӣ намудани беназаоратӣ ва ҷинояткории ноболиғону ҷавонон аст. Масъулини ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои дар сатҳи баланди касбӣ таъмин намудани рафти иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросиҳо» ҳамаруза кушиш ба харҷ медиҳанд.

Имомхатиби масҷиди «Тақво» қайд кард, ки имрӯзҳо амалҳои ифродгароӣ ва террористӣ характери сиёсӣ дошта бештар мушоҳида мегардад ва дар ин самт доираи фаъолияти террористон рӯз то рӯз васеъ гардидаистодааст. Даст задани ҷавонон ба ин амалҳо, шомилшавии онҳо ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ташвиши ҷомеаи имрӯза гардидааст.Ҷавонону наврасон, занону духтароне, ки дар қатори гурӯҳҳои ифротӣ бо ном «Давлати исломӣ» ба муқобили мусулмонони дигар кишварҳои исломӣ меҷанганд ва аксарияти онҳо қурбон мешаванд, хонаводаи худ ва ҷомеаро ноором месозанд. Аз сабаби психика ва шуури ноустувор доштанашон бештар ҷавононро ба доми худ кашида истодааст. + ҷавононро барои таҳсил ва мукаммал намудани дониши худ даъват намуда, зикр намуд то аз озодии давлату истиқлолияти миллӣ шукргузор бошанд.

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Сатторова дар зимни баромади худ таъкид дошт, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад. Барои шомил кардан ба сафҳои худ гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ кӯшиш менамоянд ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ ру биёранд, ки инҳоро ҷавонон, шахсони бекор ва камбизоат, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёздошта, аз волидон ва ё ҷамъият ранҷида ташкил медиҳанд. Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳар як шахс, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бояд аз маҳфумҳои экстремизм, терроризм ва террорист бояд бохабар бошанд. Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳшати терроризму экстремизмро солҳои 90-уми асри гузашта бо чашми худ дидаанд. Амалҳои террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом имрӯз низ ба мушоҳида мерасад.

Ривоҷи ин падидаҳои номатлуб ба сулҳу оромии тамоми давлатҳои олам таҳдид менамояд. Бо назардошти хатари калони ҷамъиятӣ доштан фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар ҳудуди аксар давлатҳои ҷаҳон манъ карда шудааст. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо аз қабили ҳизби “Ҳизби наҳзати ислом”, “Салафия”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Давлати исломии Ироқу Шом”, “Ҳаракати исломии +збекистон” ва “Ал - қоида” манъ карда шудааст.

Бояд муҳоҷирин дар вақти сафар кардан ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилиҳоятон дар хориҷи кишвар ба ҳеҷ кас бовар накунанд. Бахусус ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳоднамудаи шахсони шубҳанок, ки шумо онҳоро намешиносед, бовар накунед. Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро таблиғ менамоянд, ба хусус аз имкониятҳои шабакаи интернетӣ истифода намуда, бо фиристодани паёмакҳо ба телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ аз қабили Одноклассники, Фейсбук, Вайбер, Ватсапп ва ғайра нафарони ноогоҳро ба сӯи худ мекашанд. Ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надиҳанд, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоранд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо дар хориҷи кишвар аз шиносоӣ ва сӯҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷӯянд. Дар вақти дучор шудан ба чунин ҳолатҳо кӯшиш накунед, ки мушкилоти худро дар танҳоӣ ҳал накарда, балки ба Сафоратхонаву Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳои дар ҳудуди Федератсияи Россия буда муроҷиат намоянд.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12–и шаҳри Хуҷанд Рафоат Бегматова ба меҳмонҳо барои иштирок ва маърузаҳо мулоқотҳои пурмазмун арзу сипоси худро баён намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд