(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили зисти собиқадори соҳаи саноати сабук, корманди шоистаи саноати Тоҷикистон, Навовари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Тоҳир Бобоев ташриф оварда, эшонро аёдат намуда, бо 80 солагии рӯзи милодаш таҳният гуфтанд.

Зимни сухбат кайд карда шуд, ки Тоҳир Бобоев соли 1940 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, баъди хатми Донишкадаи бофандагии шаҳри Тошканд солҳои зиёд дар корхонаҳои саноатӣ фаъолият намуда, аз соли 1986 то соли 2008 ҳамчун роҳбари комбинати маъруфи шоҳибофии шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Ҳамин аст, ки Тоҳир Бобоевро яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи саноати сабуки ҷумҳурӣ мешиносанд ва чун мутахасиси кордон эътироф менамоянд. Маҳз бо кӯшишҳои номбурда корхонаҳои муштараки “Ҷавонӣ”, “ВТ Силк”, “Абрешим”, “САТН” ва “Кобоол Тоҷик Текстайл” таъсис ёфтааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ташаббусҳои созанда барои ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи иқтидорҳои мавҷуда изҳори назар намуда, гуфт ки таҷрибаи бойи чунин мутахассисони кордон барои ҷавонон бозомӯзӣ ва истифода мегардад.

Тоҳир Бобоев барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд