(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Корманди Шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд доктори илмҳои таърих профессор Шариф Ахмедов мавриди аёдат қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки Шариф Ахмедов14 августи соли 1930 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, солҳои 1949-1953 дар факултети таърихи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод таҳсил карда онро хатм намуд. Солҳои 1953-1956 муаллими таърихи мактаби миёнаи шаҳри Хучанд шуда кор кардааст. Баъд ба Институти давлатии педагогии шахри Ленинобод ба кор қабул шуда, солҳои 1956-1957 аввал сарлаборанти кафедраи педагогика, пас солҳои 1957-1960 дар аспирантураи Институти таърих, археология ва этнографияи Акаде¬мияи улуми Тоҷикистон, дар Маскав ҳамчун аспирант таҳсил намуда, аспирантураро хатм кардааст.

Пас аз ба шаҳри Хуҷанд баргаштан солҳои 1961-1963 сармуаллими кафедраи таърих, солҳои 1964-1977 дотсенти хамин кафедра, солҳои 1966-1967 декани факултаи таъриху филология, солҳои 1976-1977 дотсенти кафедраи таърих, солҳои 1977-1987 ҳамчун асосгузор мудири кафедраи таърихи умумй, солои (1987-1989) профессори кафедраи таърих, солҳои 1991-1995 профессори кафедраи таърихи нав ва навини Донишгохи давлатии Хучанд, солҳои 1995-1998 профессори кафедраи таърихи умумӣ, пас аз соли 1999 то соли 2004 мудири кафедраи таърихи умумӣ шуда кор кардааст.

Самти асосии кори илмии Ш. Аҳмадов таърихи саноат ва синфи коргари Тоҷикистон муайян карда шуда буд. Аз ин рў ў зиёда аз 10 монография ва садҳо мақолаҳои илмӣ оид ба ҳамин масъала навиштааст. Зеро роҳбарии мавсуф 15 нафар рисолаи номзадӣ ва 10 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти пурсамари профессор Шариф Ахмедов дар самти тайёр кардани мутахасисон, бахусус олимон васф карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки чунин олимони забардаст ҳамеша зери ғамхории Давлату Ҳукумат қарор доранд. Кору пайкори эшон намунаи олии ибрат ба ҷавонон аст.

Шариф Ахмедов аз ин таваҷҷуҳ ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат сипосгузорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд