(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altИмрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нависанда, олим ва ҷанговари интернатсионалист Муҳаммад Субҳонро аёдат намуданд.

Нависанда Муҳаммад Субҳон аз ин таваҷҷуҳ ва эътибори Давлату Ҳукумат миннатдорӣ баён сохта, таъкид дошт, ки хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як ҷавони боғурури Ватан бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

Бояд қайд намуд, ки Муҳаммад Субҳон солҳои 1980-1981 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ дар хоки Афғонистон адои хидмат кардааст. Сипас, то соли 1983, дар Институти зоология ва паразитология ҳамчун корманди калони илмӣ фаъолият бурдааст. Соли 1984 дигарбора Афғонистон рафта, соли 1985 ба Ватан баргаштааст. Муҳаммад Субҳон муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмию оммавӣ, китобҳои «Луғати русӣ-тоҷикӣ аз зоология» (1974), «Асрори табиат» (1986), «Ҳифзи табиати кишвар» (1987), «Ҳифзи табиаткори зиндагӣ» (2001), афсонаҳои «Лаклаки сафед» (2002), «Ишқи мор» (2007), «Шоҳпаланг» (1998), «Наҳанги мӯйлабдор» ва ғайраҳо мебошад.

Муҳаммад Субҳон бо медали академик Е.Н.Павловский, ордени «Дӯстӣ», медали «Ҷанговари интернатсионалист»,медали «Жуков», Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, медали «Пешрав», медали «Собиқадори меҳнат», медали «Нишони сухан» ва ғайраҳо қадршиносӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд