(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРӯзи шанбеи ҳафтаи равон, яъне санаи 15.02.2020 соати 9:00 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор мегардад.

Бояд қайд намуд, ки ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона роҳандозӣ маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида мешавад.

Интизор меравад, ки дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинон мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд