(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ аз фаъолияти КВД “Садаф” ба минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр ташриф оварда, аз ин корхонаи дар гузашта номдор ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» ҳанўз соли 1979 дар асоси корхонаи «Радиосвяз»-и шаҳри Ростови Федератсияи Русия таъсис ёфтааст. КВД «Садаф» дар оғоз аз сехҳои металлгудозӣ, механикӣ, инструменталӣ, механикӣ-электронӣ, ҷамъуваслкунӣ ва амсоли он иборат буд. Ҳоло дар ҳудуди ин корхона 11 адад корхонаҳои хурду бузург созмон ёфта, фаъолият мебаранд. Дар худи коргоҳи “Садаф” зиёда аз 60 намуди молу маҳсулоти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар соҳоти хоҷагии халқ истеҳсол шуда, шумораи кормандон беш аз 60 нафарро ташкил медиҳанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона ҷиҳати эҳёи шуҳрати қаблии коргоҳ, ворид намудани нанотехнология, роҳандозии сехҳои нави молҳои мавриди ниёзи мардум, омӯзиши талаботи бозор, самаранок истифода намудани майдони истеҳсолии коргоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо корхонаҳои ҳамтои ватанию хориҷӣ маслиҳатҳо дода шуд, зеро дар самт замина вуҷуд дошта, ба ин ҳамкориҳо қудрату тавоноии корхона мусоидат менамояд. Ва ба ин васила шумори кормандон афзуда, маҳсулнокӣ зиёд мегардад.

Ба роҳбарияти шаҳр ва сектори саноати шаҳру вилоят дастур дода шуд, ки ҷиҳати мумфарш намудани роҳҳои асосии минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр бо ҷалби корхонаҳои дар ин мавзеъ ҷойгирбуда тадбирҳо андешида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ҷиҳати хурраму обод ва истифодаи ҳар як ваҷаби замини бекорхобидаи корхонаи дастур дода, шинонидани ниҳолҳои сепперинтенсивиро мувофиқи мақсад дониста шуд.

Сипас, дар ҳудуди корхона аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода якчанд бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд