(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ аз иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла аз раванди бунёди корхонаҳои нави саноатии дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» воқеъбуда ва маркази савдою хизматрасонии микроноҳияи 18-ум боздид намуд.

Зимни шиносоӣ бо коргоҳи филиали ширкати «Хантана Канада ИНК» иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми соҳибкори канадагӣ Алӣ Ҳамуд ба коргоҳи мазкур хатти технологии истеҳсолии давлати Туркия ба маблағи 1, 1 миллион сомонӣ бо мақсади коркард ва бандубасти асал ворид ва насб карда шудааст.

Ҳадафи ташкили корхонаи мазкур содироти асали тоҷикӣ бо шаклу намои гуногун ба бозорҳои Аморати Араб, Ҷопон, Канада, ИМА ва як қатор давлатҳои Аврупо мебошад. Ҳоло зиёда аз 60 тонна асал захира гардида, баъди бакорандозии корхонаи мазкур моҳе 20 тонна асал содирот карда мешавад. Ва наздик 20 нафар кормандон бо маоши баланд ва ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Зимни шиносоӣ бо коргоҳи навбунёди ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «Афранг-пластик» маълумот дода шуд, ки корхонаи муштарак ба истеҳсоли профилҳо аз поливинилхлорид (ПВХ) машғул гардида, аллакай таҷҳизоти муосир дар он насб шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1200 тонна профилҳо аз поливинилхлорид мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти корхонаҳои номбурда ҷиҳати суръатбахшии раванди корҳо дар самти ободонии атрофии он ва омода намудани корхона ба ифтитоҳи расмӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар микроноҳияи 18-уми маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии 5 ошёна бунёд шуда истодааст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилал мавриди баҳрабадорӣ қарор хоҳад гирифт.

Маъруф Муҳаммадзода ба соҳибмулки маркази савдо ва сохторҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати ободонӣ, чароғоннамоӣ ва тароватбахшии ҳудуди он супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд