(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ аз раванди бунёди гузаргоҳи зеризаминии кӯчаи Шарқи мавзеъи бозори марказии "Панҷшанбе" ва корзори ин иншооти ҷашнӣ боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин гузаргоҳи зеризаминӣ корҳо вусъат бахшида шуда, дар се баст беш аз 60 нафар сохтмончиён кору фаъолият доранд.

Гузаргоҳи зеризаминӣ бо паҳноии 18 метру дарозии 260 метр бунёд шуда, дар он сохтмони 74 нуқтаи савдо пешбинӣ гардидааст ва баъди истифодабарии он беш 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Интизор меравад, ки то оғози моҳи марти соли 2020 иншоот ба анҷом мепазирад. Гузаргоҳи зеризаминӣ 10 адад даромадгоҳ дошта, дарозтарин гузаргоҳ дар қаламрави Тоҷикистон муайян гардида, бо хусусиятҳои хос, аз ҷумла бо мӯриҳои ҳавокаш таҷҳизонида шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дастур дод, ки ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳо андешанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба суръатббахшии корҳо дар қисмати асосии бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ дода шуд. Таъкид шуд, ки ҳар чӣ зудтар барои равуои бемайлони мардум шароит муҳайё карда шавад.

Ҳамзамон ҷиҳати мумфаршкунии пурраи кӯчаи Шарқ, чароғоннамоӣ ду қадди роҳ бо усули муосир, сохтмони ҷӯйбор ва девораҳои қадди роҳ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд