(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо хонандагону омўзгорони муассисаи мазкур ва сокинону фаъолони маҳаллаи Ҷаббор Расулов мулоқоти васеъ оид ба фаҳмонидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, шинос намудани онҳо бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои инфиҷорӣ, тарғиби либоспўшии миллӣ ва саҳм гузоштани ҷавонон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ гузаронида шуд.

Дар вохўрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Манзурат Сатторова, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Рухшона Қаландарова ва намояндагони бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр, аъзоёни “Пайравони Пешвои миллат” Фахриддин Самадов ва Сарварҷон Ҳамдамов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ доир ба вазъи ҷаҳонишавӣ ва мураккаби ҷаҳон баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки “Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд”. Зеро, имрўз беш аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар имрўза авзои сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Агар ба марҳилаи 28-соли соҳибистиқлолии кишвар назар афканем, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон чандин барномаву консепсияҳо ва стратегияҳо қабул гардида, баҳри рушди иҷтимоии ҷавонон заминаи хуб фароҳам оварда шудааст.

Номбурда доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва гаравидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд ҳушёрии зиракиро аз даст надода, фирефтаи доми гурўҳҳои ғаразнок, ки зери қаноти хоҷагони худ аз хориҷи кишвар истода, ҷиҳати ноором намудани вазъи сиёсии кишвар сангпартоӣ мекунанд, нашаванд. Имрўз дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ва сулҳу осоиштагӣ ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Аз ин рў, ҳамаи мо бояд шукронаи тинҷиву оромӣ намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон ва риояи қонунҳои миллӣ, инчунин баланд бардоштани маданияти оиладорӣ ва шаҳрдорӣ, саҳми босазои худро гузорем. Чун ба гуфти Пешвои муаззами миллат ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллати хеш мебошанд ва онҳо бояд ба ин боварӣ сазовор бошанд.

Доир ба масъалаҳои болозикр, аз ҷониби маърўзачиён низ баромадҳои хубу пурмуҳтаво карда шуда, таъкид гардид, ки Пешвои муаззамаи миллат солҳои 2020-2040-ро ҳамчун солҳои омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуданд, ки ин бесабаб нест. Чун, имрўз бе омўзиши ин фанҳо рушд ва пешрафти давлатро тасаввур карда намешавад.

Имрўз дар тамоми муасссисаҳои таълимӣ шароитҳои хуби иҷтимоӣ барои хондан ва соҳиби дониши мукаммал шудан мавҷуд аст. Фақат бояд ҳамаи наврасону ҷавонон аз истифодаи беҳудаи телефону бозиҳои компютерӣ даст кашида, ба хондани китобу баланд бардоштани саводнокии худ рўй оваранд.

Гуфта шуд, ки баҳри машқу тамрини наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳр зиёда аз 300 иншооти гуногуни варзишӣ, даҳҳо майдончаҳои варзишӣ ва бозии кўдакон ташкил карда шуда, баҳри баланд бардоштани савияи дониш даҳҳо китобхонаву марказҳои омўзишӣ фаъолият намуда истода, наврасону ҷавонон дар дилхоҳ вақт метавонанд, аз онҳо истифода намоянд.

Дар рафти мулоқот байни иштирокчиён ва баромадчиён саволу ҷавоб низ ба вуқўъ пайваста, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд