(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶаласаи навбатии Шӯрои маорифи шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ дар гимназияи №1-и шаҳр оғоз гардид.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки боиси ифтихор аст, ки имсол ба даври ҷумҳуриявии Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» омӯзгори фанни забони англисӣ аз литсейи физикӣ-математикии рақами 1 шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Дилафрӯз Каримова, ғолиби озмуни шаҳрӣ ва вилоятии озмуни мазкур ширкати фаъолона намуда, аз миёни 5 нафар довталабони ин озмун мавсуф бо ба даст овардани 205 хол Шоҳҷоизаи озмунро соҳиб шуда, сазвори унвони баланди «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» гардид.

Сипас, ғолибони иншои беҳтарин таҳти унвони "Саразм хазинаи тиллоӣ ва ифтихори миллати тоҷик", ки ба муносибати 5500 солагии Саразми бостонӣ ва озмунҳои “Ман зебо менависам”, Хушнависӣ-зебопарастист" ва "Қалами сабз" ки байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд эълон шуда буд, натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд.

Сипас тибқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои маорифи шаҳр масъалаҳои умдаи соҳаи маориф, аз ҷумла фаъолияти кабинети методӣ доир ба омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, натиҷаи дарсазхудкунии кӯдакони “Маркази инкишофи кӯдак” аз машғулиятҳои инкишофи нутқ дар муассисаҳои таълимӣ, рафти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020” ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ шунида шуд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд бо натиҷагирӣ аз самтҳои гуногуни шуъбаи маорифи шаҳр, аз ҷумла таъкид намуд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр баҳри баланд бардоштани саводомӯзии мукаммал ва тарбияи комили хонандагон аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Бо вазифагузорӣ ва муайян намудани ҷанбаҳои фаъолият ба ҷаласаи Шӯрои маориф шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд