(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти гармхонаҳо ва ҳолати нашъунамои ниҳолҳо аз КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд боздид намуданд. 

Тавре, ки иттилоъ дода шуд, ки КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷандро баҳри самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замини муассиса, ки беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, аз тамоми василаҳо истифода бурда, дар самти кишти гулу ниҳолҳои ҳамешасабз тадбирҳои тозаву дучанд андешида шуда истодааст. Алҳол дар 5 гармхонаи муассисаи кабудизоркунӣ гулҳои навъи бахмалгул, марҷонгул кишт гардида, нашъунамои хуб доранд.

Таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда ба фаъолияти домии корманадони муассиса табдил ёфтааст. Дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ зиёда аз 500 000 (панҷсад ҳазор) адад қаламчаҳои гули садбарг шинонида шуда, бо нашъунамои хуб доранд. Ниҳолҳои ҳамешасабзи хурди соли гузашта шинонидашуда, аллакай қад кашида, дар соли оянда метавонанд зеббахши кӯчаҳои шаҳр гарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва бакорандозии гармхонаҳои нав баҳои баланд дода, ба кормандони муассиса ҷиҳати рушди соҳаи афзалиятнок, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гармхонаҳо, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти барвақтӣ, бахусус помидору бодаринг маслиҳатҳои муфид дод. Дар ин самт фаъолияти кории деҳқони таҷрибадор Абдусалом Шодибеков мояи пайравӣ дониста шуд.

Ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд дастур дода шуд, ки ҳудуди муассисаро ба тартиб дароварда, ба яке аз маконҳои зебову диданӣ мубаддал гардонанд.

Зикр гардид, ки ҳар як гули зебдиҳандаи шаҳр маҳсули ин корхонаи кабудизоркунӣ бошад. Таъмини мавсимии гулҳо, махсусан дар моҳҳои март, июн ва сентябр ба фаъолияти гулпарварони муассиса нақшаи асосии дурнамо мубаддал гардад.

Масъулини «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои гузошташуда аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, дар хурраму кабудизоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд