(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд дар номгузории кӯча.Дар шаҳри Хуҷанд ҳафтаи поси хотир идома дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими номгузории яке аз кӯчаҳои маркази вилоят ба номи Мукаррама Муҳиддинова, - собиқадори соҳаи маориф, омӯзгори шинохта, нафаре, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ меҳнати фидокорона намудааст, ширкат намуд. Раҷаббой Аҳмадзода кулли ҳозиронро бо фарорасии иди Ғалаба табрик намуда қайд намуд, ки давлату ҳукумат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои эҳтирому гиромидошти хизматҳои собиқадорон, шахсони барӯманди миллат, хамеша таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Номгузорӣ шудани кӯчаи мазкур ба номи Мукаррама Муҳиддинова шаҳодати чунин сиёсат ва ғамхорӣ маҳсуб меёбад.
Ҷавонии М. Муҳиддинова ба солҳои ҷанг рост омад. Ба дӯши ин зани хоксору қавиирода таълиму тарбияи фарзандони мардум, меҳнати пурмашаққати ин солҳои мудҳиш фаромад. Хизматҳои шоистаи Мукаррама Муҳиддинова бо нишони «Аълочии маорифи халқ», медали собиқадори меҳнат ва дигар ҷоизаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 20 ноябри соли 2013 №231 кӯчаи Щорс ба номи Мукаррама Муҳиддинова номгузорӣ карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд пардаро аз лавҳаи ёдгорӣ бардошта, ба аҳли пайвандони шодравон сиҳатмандию осудаҳолӣ орзу намуд.
Баъдан ҳамкору шогирди М. Муҳиддинова- Рафоат Раҳимова, яке аз пайвандони ӯ Аҳмадҷон Мирсаидов ва фарзанди калонии муаллима Маҳмудҷон Зиёбоев дар бораи хислатҳои нек, инсондӯстӣ сухан ронда, аз лаҳзаҳои ҳаётии ин инсони поксиришт ёдовар шуданд.